Нақшаи мавзӯъ:
Воситаҳои техникии тафтишу чустуҷўии гумрукӣ барои ҳалли гурўҳи вазифаҳои фаврии муҳофизаткунанда истифода бурда мешаванд, ки метавонанд ҳамзамон ба мақсади тафтиш ва ҳам чустуҷўй (масалан, техникаи санҷишии рентгенӣ) истифода бурда шаванд.
Вале воситаҳои техникии чустуҷўй асосан ба чустуҷў ва ошкор намудани паноҳгоҳҳо ва чизҳои пинҳонкардашуда равона карда шудаанд.
Паноҳгоҳ: Дар кори гумрукӣ махзанҳои махсусеро меноманд, ки барои пинҳонкунии чизҳо ва интиқоли ғайрирасмии ашёҳо, маводҳо ва чизҳо тайёр карда шудаанд, ё зарфҳо, ҷойҳои холии махсус барои ин таҷҳизонидашуда ё мувофиқа кардашуда, инчунин ашёҳое, ки пешакӣ ба қисмҳо ҷудо карда шудаанд ё аз навсозӣ карда шудаанд.
Чизҳои пинҳонкардашуда: Ин ашёҳо, маводҳо ва чизҳое мебошанд, ки дар ҷузъҳои барои ҷустуҷў ва тафтиш душвори табии конструктивии борҳо (молҳо) ё воситаи нақлиёт бе аломатҳои махсуси мутобиқкунии ин ҷойҳо барои пинҳон кардани объектҳо гузошта шудаанд.
Воситаҳои техникии чустуҷўиву тафтиш бояд имконияти ошкор намудани далели мавҷуд будани чойи пинҳонӣ дар дохили объекти тафтишро, ки дар он метавонанд ашёҳои ҲВГ (мавҷудияти воқеии онҳоро ташхис накарда) мавҷуд бошанд ё далели пинҳон намудани ашёҳои муайянро аз тафтиши гумрукӣ (ҳамчунин мавҷудияти воқеии онҳоро аниқ ташхис накарда) таъмин намоянд.
Муқаррар намудани ин ва он далел минбаъд гузаронидани тафтиши нисбатан дақиқи объектро дар он ҷое, ки паноҳгоҳҳо ё чизҳои пинҳонкардашуда ошкор карда шудааст, гирифтани ашёи ошкоршуда ва гузаронидани фаъолияти минбаъдаи амалиётии (аттестатсионӣ) пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрию технологиро (санҷиш, ташхис, таснифот, идентификатсия) талаб менамояд.
Воситаҳои техникии ҷустуҷўй ҳамчунин барои муқаррар намудани мавҷудияти ҲВГ аз рўи аломатҳои нодири барои ин ашёҳо хоси физикӣ ё дигар хусусиятҳои аз хусусияти ҳамаи ашёҳои иҳотакунандаи онҳо (хусусияти муҳит) фарқкунанда имконият медиҳад.
Масалан, ДРМ аз рўи мавҷуд будани заминаи баланди шуоъзании ионикунандае ошкор карда мешавад, ки фақат бо онҳо алоқаманд будан метавонад. Ба кор даромадани сигнали хатари воситаҳои техникии ҷустуҷўи гузаронидани тафтиши нисбатан дақиқтарро талаб менамояд.
Воситаҳои техникии назорати гумрукӣ хеле гуногун мебошанд: аз асбоби оддитарини тафтишӣ то техникаи интроскопӣ.
Воситаҳои муоинан оптикию механикӣ ва телевизионии ҷойҳои дастрасиашон душвор барои ҳамаи объектҳои назорати гумрукӣ ҳангоми гузаронидани тафтиши физикӣ ва интихобӣ истифода бурда мешаванд.
Ба ин ҷо маҷмўи сихҳо ва оинаҳои тафтишӣ, чароғакҳо, эндоскопҳо, системаҳои телевизионӣ дохил мешаванд.
Намуди махсусро воситаҳои техникие ташкил медиҳанд, ки барои назорати объектҳои гуногун бо ёрии равшанизании шуоъҳои ионикунанда истифода бурда мешаванд.
Шуоъҳо маҷмўи интроскопии (инспексионии) тафтишӣ (МИТ), аз ҷумла техникаи тафтишии рентгенӣ мебошанд. Онҳо барои тафтиши интихобӣ ва пурра истифода бурда мешаванд.
Гурўҳи (зергурўҳи) воситаҳои техникии ҷустуҷў аз рўи намудҳои ашёҳои ҲВГ тақсим карда мешаванд. Асоси онҳоро принсипҳои гуногуни илмию техникӣ ва усулҳои тадқиқи моддаҳо (масалан, масофагӣ ва ирғиботӣ) ташкил медиҳад.
Усулҳои илмию техникии ҷустуҷўи масофагии ашёву моддаҳоро ба ду гурўҳи калон тақсим намудан мумкин аст: **нофаъол** ва **фаъол**.
Агар ашё дар дохили объекти назорат (тафтиш) мавҷуд бошад, пас барои ошкор (муқаррар) намудани он ҳарду усулро истифода бурдан мумкин аст.
Дар ин маврид бақайдгирӣ ва коркарди сигнали ошкоркунандаи аз ашёи ҷустуҷў барояндаро истифода мебаранд, ки метавонад хусусияти хеле гуногун дошта бошад:
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки вай **хос** (ташхисишаванда) бошад, яъне...
Моҳияти асосӣ дар ташхиси гумрукӣ:
Хос (ташхисишаванда) будани сигнал барои муайянкунии ашёи ғайриқонунӣ.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!