Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Презентатсияи матни пурраи моддаҳои 209-214

Барои гузаштан тугмаи "Ба пеш" ё тирчаи ростро пахш кунед.

Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Моддаи 209. Мазмуни низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Воридоти муваққатӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли хориҷӣ дар мўҳлати муайян (мўҳлати воридоти муваққатӣ) дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пурра ё қисман озод намудан аз боҷи гумрукӣ ва андоз, бидуни истифодаи тадбирҳои мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ нисбати ин мол, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ба шарти содироти бозпаси он дар мўҳлати муайян аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ истифода бурда мешавад.

Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Моддаи 210. Шартҳои таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор додани мол

1. Воридоти муваққатӣ бо шарте иҷозат дода мешавад, ки агар молро мақоми гумрук ҳангоми содироти бозпаси он (реэкспорт) ҳаммонанд карда тавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз намудани моли муваққатан воридгардида бо ҳамин навъи мол иҷозат дода мешавад.

2. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аз шахсе, ки низоми гумрукии воридоти муваққатиро арз менамояд, пешниҳоди кафолати иҷрои ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро (моддаи 160) талаб намояд, аз ҷумла барои бозпас содир намудании моли муваққатан вориднамуда ўҳдадорӣ ба зимма гирад.

3. Таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ метавонад моли хориҷие ҷойгир карда шавад, ки қаблан бо риояи талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс таҳти низомҳои дигари гумрукӣ қарор дошт.

Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Моддаи 211. Маҳдудиятҳо барои истифода ва ихтиёрдории моли муваққатан вориднамуда

1. Аз моли муваққатан вориднамуда шахсе метавонад истифода барад, ки барои воридоти муваққатӣ дорои рухсатномаи мақоми гумрук бошад.

2. Бо иҷозати мақоми гумрук моли муваққатан воридгардидаро барои истифода ба шахси дигар, ки метавонад тибқи моддаи 126 ҳамин Кодекс декларант бошад, додан мумкин аст.

Моли муваққатан воридшуда ба шахси дигар бо иҷозати мақоми гумрук дода мешавад, агар ин шахс дар назди мақоми гумрук ўҳдадор шавад, ки шартҳои низоми гумрукии воридоти муваққатиро риоя менамояд. Ҳамзамон шахси қаблан барои воридоти муваққатӣ иҷозатгирифта бояд боҷҳои гумрукӣ ва андозро барои даврае, ки ин шахс истифодаи молро тибқи низоми гумрукии воридоти муваққатӣ анҷом додааст, пардозад, агар нисбати мол озодкунии қисмани шартии пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи қисми 2 моддаи 212 ҳамин Кодекс татбиқ гардад. Агар риояи низоми гумрукии воридоти муваққатии гумрукӣ бо кафолат таъмин гардад (моддаи 160), шахсе, ки ба он моли муваққатан воридгардида супурда мешавад, бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба номи худ ба расмият дарорад. Шахси мазкур аз рўзи иҷозати мақоми гумрук барои додани моли муваққатан воридшуда ба шахси дигар аз ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои барои шахси дорои иҷозат барои воридоти муваққатӣ муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс истифода мебарад ва онҳоро иҷро мекунад.

Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Моддаи 211. Маҳдудиятҳо барои истифода ва ихтиёрдории моли муваққатан вориднамуда

3. Моли муваққатан воридшуда бояд дар ҳолати бетағйир нигоҳ дошта шавад, ба истиснои тағйири он дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ ё талафи табиӣ ҳангоми шароити мўътадили интиқол (борбарӣ), нигаҳдорӣ ва истифода. Нисбати моли муваққатан воридшуда иҷрои амалиёти зарурӣ ҷиҳати таъмини нигаҳдории он, аз ҷумла таъмир (ба истиснои таъмири асосӣ ва модернизатсияи он), хизматрасонии техникӣ ва дигар амалиёте, ки барои нигаҳдории хусусиятҳои истифодабарии мол дар ҳолате, ки он дар рўзи ҷойгиркунӣ таҳти низоми воридоти муваққатӣ қарор дошта иҷозат дода мешавад.

4. Ихтиёрдории моли муваққатан воридшуда бо усулҳои пешбининанамудаи ҳамин модда манъ мебошад.

5. Додани мол ба шахси дигар тибқи қисми 2 ҳамин модда мўҳлати воридоти муваққатиро боз намедорад ва тамдид наменамояд.

Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Моддаи 212. Истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз (Қисми 1)

1. Номгўи гурўҳи моли бо шарти пурра озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз муваққатан воридшаванда, инчунин шартҳои чунин озодкунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Озодкунии пурраи шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода мешавад, агар воридоти муваққатии мол ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари назарраси иқтисодӣ нарасонад, аз ҷумла дар ҳолатҳои:

1) воридоти муваққатии контейнерҳо, тағмонҳо ва намудҳои дигари зарфҳо ва бастабандҳо, ки барои истифодаи чандинкарата таъин гардидаанд;

2) агар воридоти муваққатии мол дар доираи рушди муносибатҳои тиҷоратии хориҷӣ, робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм, санъат, кинематография, варзиш, туризм, гузаронидани намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо анҷом дода шавад;

3) агар мақсади воридоти муваққатӣ аз расонидани кўмаки байналмилалӣ иборат бошад;

4) агар воридоти муваққатӣ бо шартҳои лизингӣ анҷом дода шавад.

Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Моддаи 212. Истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз (Қисми 2, 3)

2. Нисбати гурўҳҳои дигари мол, инчунин ҳангоми риоя нашудани шартҳои озодкунии пурраи шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда озодкунии қисман шартӣ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода бурда мешавад. Ҳангоми озодкунии қисмии шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз барои ҳар як моҳи пурра ва нопурраи тақвимии нигаҳдории мол дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 фоизи маблағи боҷҳо ва андозҳо пардохта мешавад, чуноне, ки агар он ҳангоми иҷозати мол барои муомилоти озод пардохта шавад.

3. Ҳангоми озодкунии қисман шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ё давра ба давра, бо интихоби шахсе, ки барои воридоти муваққатӣ иҷозат гирифтааст, пардохта мешавад. Пардохти даврии маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо розигии мақоми гумрук аз ҷониби шахсе муайян карда мешавад, ки барои воридоти муваққатӣ иҷозат гирифтааст. Ҳамзамон мўҳлати мушаххаси пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо назардошти он муайян мегардад, ки ин маблағ бояд то оғози давраи дахлдор пардохта шавад.

Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Моддаи 212. Истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз (Қисми 4-7)

4. Маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳангоми воридоти муваққатӣ бо озодкунии қисман шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешавад, бояд аз маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки мебоист дар рўзи ҷойгиронӣ таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ба муомилоти озод иҷозат дода шавад, бе назардошти фоизҳо барои гузаронидани мўҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ, андоз ва фоизҳое, ки метавонанд тибқи сархати 4 қисми 2 моддаи 214 ҳамин Кодекс ҳисоб карда шаванд, зиёд набошад.

5. Агар маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳангоми озодкунии қисман шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида шудаанд ба маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки мебоист дар рўзи ҷойгиронӣ таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ба муомилоти озод иҷозатшуда баробар шавад, мол барои муомилоти озод иҷозатшуда ба ҳисоб меравад, ба шарте агар нисбати мол маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нагарданд ё маҳдудиятҳое, ки дар рўзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ истифода шудаанд, бекор карда шаванд.

6. Ҳангоми ҷойгир намудани моли воридоти муваққатӣ таҳти низомҳои дигари гумрукӣ маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки ҳангоми озодкунии қисман шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта шудаанд, баргардонида намешавад.

7. Масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки барои воридоти муваққатӣ рухсатнома дорад.

Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Моддаи 213. Мўҳлати воридоти муваққатии мол

1. Мўҳлати воридоти муваққатии мол на бештар аз 2 сол мебошад.

Барои молҳои алоҳида, аз ҷумла молҳое, ки бо шартҳои лизинг ворид мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои воридоти муваққатӣ нисбат ба мўҳлати ниҳоии муайяннамудаи сархати якуми ҳамин банд мўҳлати нисбатан кўтоҳ ё давомнокро муқаррар намояд.

2. Мўҳлати воридоти муваққатии мол дар асоси аризаи шахси барои иҷозати воридоти муваққатӣ муроҷиаткарда, бо назардошти мақсад ва ҳолатҳои чунин воридот аз ҷониби мақоми гумрук дар доираи мўҳлати дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда муқаррар карда мешавад.

3. Дар асоси муроҷиати асосноки шахси дорои иҷозат барои воридоти муваққатӣ ва ҳангоми вайрон накардани талабот ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин боб мўҳлати муқарраргардидаи воридоти муваққатии мол бо қарори мақоми гумрук дар доираи мўҳлати дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда тамдид карда мешавад.

Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Моддаи 214. Анҷоми амали низоми гумрукӣ ва боздоштани он (Қисми 1, 2)

1. Мол бояд аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз рўзи охирини гузаштани мўҳлати воридоти муваққатии мол, ки мақоми гумрук муқаррар намудааст (моддаи (213), содир карда шавад ё мутобиқи ҳамин Кодекс таҳти низоми дигари гумрукӣ қарор дода шавад.

2. Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ метавонад бо иҷозати мол барои муомилоти озод анҷом ёбад.

Ҳангоми анҷоми низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ба иҷозати мол барои муомилоти озод арзиши гумрукӣ ва теъдоди мол дар рўзи таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ҷойгиркунии мол, аммо ставкаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 212 ҳамин Кодекс, дар рўзи иҷозати мол барои муомилоти озод муайян карда мешаванд. Декларант ҳуқуқ дорад ҳангоми камшавии арзиши гумрукии мол ё камшавии теъдоди он, ки дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ ё талафи табиӣ дар шароити муқаррарии интиқол, нигаҳдорӣ ва истифода, инчунин дар натиҷаи садама ва таъсири қувваи рафънопазир ба миён омадаанд, муроҷиат намояд. Тасҳеҳи арзиши гумрукии мол ва (ё) миқдори онҳо метавонад анҷом дода шавад, агар декларант ба мақоми гумрук маълумоти саҳеҳ ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшударо пешниҳод намояд.

Ҳангоми муайян намудани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки бояд ҳангоми иҷозати мол ба муомилоти озод пардохта шаванд, баҳисобгирии маблағи пардохти гумрукии ҳангоми озодкунии қисман аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи қисми 2 ва 3 моддаи 212 ҳамин Кодекс супоридашуда сурат мегирад.

Ҳангоми иҷозати мол барои муомилоти озод, ки нисбати он озодкунии қисман шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз татбиқ шудааст, барои даврае, ки чунин озодкунӣ истифода гардидааст, фоизҳо аз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз бояд пардохта шаванд, чуноне, ки агар нисбати ин маблағ аз рўзи татбиқи озодкунии қисман аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тамдиди мўҳлат фароҳам оварда шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 5 моддаи 212 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст.

Низоми гумрукии воридоти муваққатӣ

Моддаи 214. Анҷоми амали низоми гумрукӣ ва боздоштани он (Қисми 3)

3. Амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ дар ҳолатҳои зайл боздошта мешавад:

1) ҳангоми ба ҳабс гирифтани моли воридотии муваққатӣ ё ситонидани онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) ҳангоми ҷойгир намудани моли воридотии муваққатӣ ба анбори гумрукӣ тибқи қисми 3 моддаи 217 ҳамин Кодекс;

3) бо хоҳиши шахси дорои иҷозати воридоти муваққатӣ ҳангоми ҷойгир намудани моли воридотии муваққатӣ, ки нисбати он озодкунии қисман аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз истифода шудаанд, таҳти низоми дигари гумрукӣ, ки иҷозати молро барои муомилоти озод пешбинӣ намекунад.

Баъди анҷоми мўҳлати боздошт амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ барқарор карда мешавад.

Ҳангоми барқарор намудани амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ фоизҳо, ки ҳисоб ва пардохти онҳо мувофиқи ҳамин боб пешбинӣ шудааст, барои давраи боздоштани амали низоми гумрукии воридоти муваққатӣ ҳисоб ва пардохта намешаванд.

Ба охир расид. Ташаккур!

1 / 11