Моддаи 207. Истифодаи қисман ё пурра озод намудани маҳсули коркард аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз
1. Агар мақсади коркард таъмири кафолатноки (ройгони) моли баровардашуда бошад, маҳсули коркарди он аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз пурра озод карда мешавад.
Нисбати моле, ки қаблан дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилоти озод иҷозат дода шудааст, агар ҳангоми иҷозати он ба муомилоти озод мавҷудияти норасоӣ, ки боиси таъмир гардидааст, ба инобат гирифта шуда бошад, озодкунии пурра аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода намешавад.
2. Дар ҳолатҳои дигар барои моли маҳсули коркард, ба истиснои аксизҳо қисман озодкунии он аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода мешавад, ки ин бо тартиби зайл амалӣ мегардад:
1) андозаи маблағи пардохтшавандаи боҷҳои гумрукӣ ҳамчун фарқияти маблағи боҷи гумрукии воридотӣ, ки нисбати маҳсули коркардшаванда истифода мегардад ва маблағи боҷҳои гумрукии воридотие, ки метавонист нисбати моли содиршаванда истифода бурда шавад, муайян мегардад, чуноне, ки агар он ба муомилоти озод иҷозат дода шавад ва агар ба маҳсули коркард ставкаҳои махсуси боҷҳои гумрукӣ истифода шавад ва амалиёти коркард таъмири кафолатнок (ройгон) набошад ё бо назардошти арзиши амалиёти коркард, ки ҳангоми набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи арзиши ин амалиёт метавонад ҳамчун фарқияти байни арзиши гумрукӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшавандаи маҳсули коркард ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад;
2) андозаи маблағи пардохтшавандаи андоз аз арзиши иловашуда бо назардошти арзиши амалиёти коркард муайян карда мешавад, ки дар сурати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин амалиёт метавонад ҳамчун фарқияти байни арзиши гумрукии ҳаҷми умумии маҳсули коркарди ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад.
3. Аксизҳо нисбати маҳсули коркард пурра супорида мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақсади амалиёти коркарди мол аз таъмири кафолатноки (ройгони) моли содиршуда иборат бошад.
4. Ҳангоми воридоти маҳсули коркард бо гузашти муҳлати коркард (моддаи 201), инчунин ҳангоми риоя нанамудани дигар талабот ва шартҳои ҳамин боб ё тасдиқи онҳо ба таври номатлуб, низоми пурра ва қисман озодкунии онҳо аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда намешавад.
Моддаи 208. Анҷоми низоми гумрукии коркард берун аз қаламрави гумрукӣ
1. Низоми гумрукии коркард берун аз қаламрави гумрукӣ бо ворид намудани маҳсули коркард ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тавассути усули дигари пешбининамудаи ҳамин модда анҷом меёбад.
2. Агар маҳсули коркард ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд партия ворид шавад, муқоисаи ниҳоии миқдори маҳсули коркарди дар рухсатномаи коркарди мол (моддаи 203) зикршуда метавонад давра ба давра, баъди воридоти маҳсули коркард, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ ва дар давоми 30 рўзи баъди ворид намудани партияи охирини маҳсули коркард гузаронида шавад. Агар дар натиҷаи чунин муқоиса шахсе, ки рухсатномаи коркардро дар қаламрави гумрукӣ гирифтааст, бояд боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорад, аз чунин маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рўзи кории ба таври хаттӣ қабул шудани қарори мақоми гумрук оид ба зарурати пардохти зикршуда анҷом дода шавад. Мақоми гумрук дар рўзи дигари баъди қабули қарор ба декларант оид ба зарурати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз огоҳинома мефиристад.
3. Низоми гумрукии коркарди мол берун аз қаламрави гумрукӣ метавонад бо воридоти бозпаси моли (реимпорт) аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда ё ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии нисбати моли содиротӣ истифодашаванда, бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анҷом дода шавад. Тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз қаламрави гумрукӣ ба низоми гумрукии содирот иҷозат дода намешавад, агар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта овардани моли барои коркард содиршуда ва маҳсули онҳо ҳатмӣ бошанд. Тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз қаламрави гумрукӣ ба низоми гумрукие, ки нисбати моли содиротӣ истифода мешаванд, бе пешниҳоди воқеии мол ба мақоми гумрук иҷозат дода мешавад.
Ҳангоми тағйир додани низоми гумрукии коркард берун аз қаламрави гумрукӣ ба низоми гумрукии содирот нисбати моли баровардашуда бояд маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ, агар онҳо муқаррар шуда бошанд, инчунин фоизи маблағи мазкур пардохта шавад, ба монанди он, ки дар рўзи қабули декларатсияи гумрукӣ барои содирот батаъхирандозии пардохти боҷи гумрукии содиротӣ фароҳам оварда шудааст.
4. Агар маҳсули коркард таҳти низоми гумрукие қарор гирад, ки иҷозати молро ба муомилоти озод пешбинӣ намекунад, маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати ин мол наметавонад аз маблағи мувофиқи бандҳои 2 ва 3 моддаи 207 ҳамин Кодекс ҳисобшаванда, бе ҳисоби фоизҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда, зиёд бошад.
5. Агар маҳсули коркарди моле оварда шавад, ки то содирот нисбати он оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз имтиёзҳо фароҳам оварда шудаанд (қисми 3 моддаи 198), ҳангоми иҷозати чунин мол ба муомилоти озод ҳамзамон бо маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи моддаи 207 ҳамин Кодекс муқарраршуда бояд боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз, ки нисбати мол то содирот барои коркард фароҳам оварда шудаанд, пардохта шаванд.