Нишондод | Коркарди дар ҳудуди гумрукӣ | Коркард барои муомилоти озод | Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ |
---|---|---|---|
Озод будан аз пардохтҳои гумрукӣ | Пурра шартан озод аз боҷҳо ва андоз | Танҳо аз боҷи гумрукӣ | Ҳангоми содир: Озод |
Таъинот (Мақсад) | Минбаъд содир кардан бидуни пардохт | Баровардани маҳсулот бо пардохти боҷ | Минбаъд ворид кардан бо шарти қисман ё пурра озод намудан аз боҷу андоз |
Шартҳо (Рухсатнома) | Рухсатнома лозим аст | Рухсатнома лозим аст | Рухсатнома лозим аст |
Мол | Моли хориҷӣ ё ватанӣ | Танҳо моли хориҷӣ | Танҳо моли ватанӣ |
Иштирокчӣ | Аризадиҳанда ва коркардкунанда | Танҳо аризадиҳанда | 2 иштирокчӣ |
Амалиёт | 4 амалиёт | 2 амалиёт | 3 амалиёт |
Истеҳсол/Мақсад | Истеҳсоли моли нав | Истеҳсоли моли нав | Истеҳсоли моли нав ё такмил додан |
Шарти пардохт | — | Маблағ бояд камтар аз боҷи моли аввал бошад | — |
Мӯҳлати коркард | То 2 сол | То 1 сол | То 2 сол |
Иҷозати рухсатнома | Метавон дод ба шахси дигар (интиқол) | Додан мумкин нест | — |
Масъалаҳои дигар | Партовҳо ва пасмондаҳо (боҷ ва андоз) | Партовҳо ва пасмондаҳо (боҷ ва андоз) | Моли содиршударо бо маҳсули коркардшуда ҳаммонанд кардан мумкин аст |
Замони ҳозира: Loading...
Кодекси гумрукӣ: Низомҳои Коркард
Моддаи 208. Анҷоми низоми Коркард берун аз қаламрави гумрукӣ
1. Анҷоми асосӣ: Низом бо ворид намудани маҳсули коркард ба қаламрави ҶТ ё тавассути усули дигари пешбининамудаи ҳамин модда анҷом меёбад.
2. Муқоисаи миқдорӣ (Партияҳо): Агар маҳсул бо якчанд партия ворид шавад, муқоисаи ниҳоӣ метавонад давра ба давра (на бештар аз як маротиба дар се моҳ) ва дар давоми 30 рўзи баъди ворид намудани партияи охирин гузаронида шавад.
2.1. Пардохти боҷу андоз: Агар дар натиҷаи муқоиса пардохт лозим ояд, фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рўзи кории қабули қарори мақоми гумрук анҷом дода шавад.
3. Анҷом бо низоми дигар: Низом метавонад бо воридоти бозпаси мол (реимпорт) ё ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукие, ки **нисбати моли содиротӣ истифода мешавад,** анҷом дода шавад.
3.1. Маҳдудияти тағйири низом: Тағйир додан ба низоми содирот иҷозат дода намешавад, агар баргашта овардани мол/маҳсул ҳатмӣ бошад. Тағйир додани низом ба низоми содирот бе пешниҳоди воқеии мол ба мақоми гумрук иҷозат дода мешавад.
3.2. Пардохти боҷ ҳангоми тағйир ба содирот: Нисбати моли баровардашуда, маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ (агар муқаррар шуда бошанд) инчунин фоизи маблағи мазкур пардохта мешавад (ба монанди батаъхирандозӣ).
4. Маҳдудияти пардохт: Агар маҳсули коркард таҳти низоме қарор гирад, ки иҷозат ба муомилоти озодро пешбинӣ намекунад, маблағи боҷу андозҳо наметавонад аз маблағи ҳисобшуда мувофиқи моддаи 207 **зиёд бошад** (бе ҳисоби фоизҳо, ба истиснои қ.5).
5. Пардохти боҷҳои имтиёзӣ: Агар нисбати моле, ки барои коркард содир шудааст, то содирот имтиёзҳо фароҳам оварда шуда бошанд, ҳангоми иҷозати чунин маҳсули коркард ба муомилоти озод, ҳамзамон бо боҷу андозҳои нав, **боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз**, ки **то содирот** фароҳам оварда шудаанд, **бояд пардохта шаванд**.
Моддаи 185. Анҷом ва боздошти низоми Коркарди дар ҳудуди гумрукӣ
1. Анҷоми ҳатмӣ: Дар мўҳлати на дертар аз рўзи анҷоми мўҳлати коркард (м.177), низом бояд бо содироти маҳсули коркард ё ҷойгир намудани моли воридшуда/маҳсули коркард таҳти низоми дигар анҷом ёбад.
4. Пардохти боҷ ҳангоми муомилоти озод: Боҷу андозҳо ба монанди пардохти моли воридшуда дар рўзи ҷойгир намудан таҳти ин низом ситонида мешаванд. Фоизҳо низ дар ҳаҷми Кодекси андоз ҳисоб ва пардохта мешаванд.
6. Оқибати боздошт: Боздошт боиси боздоштани мўҳлати коркард мегардад (м.177). Дар ин давра ҳисоб ва пардохти фоиз ва боҷу андозҳо анҷом дода намешавад.
Моддаи 195. Анҷоми низоми Коркард барои муомилоти озод
1. Анҷоми асосӣ: Низом баъди иҷозати маҳсули коркард барои муомилоти озод анҷом меёбад.
1.1. Ҳисоби боҷҳо: Боҷҳои гумрукӣ бо назардошти ставкаҳои барои маҳсули коркард муайяншуда ҳисоб карда мешаванд. Арзиш дар **рўзи иҷозат додан** муайян мешавад.
Моддаи 183, 184, 194. Партовҳо ва Пасмондаҳо
Моддаҳои 183 ва 184 (Партовҳо ва Пасмондаҳо) **нисбати ҳар ду низом**и "Коркард дар ҳудуд" ва "Коркард барои муомилоти озод" татбиқ мешаванд. Барои партовҳо **боҷу андоз** пардохта мешавад. Пасмондаҳоро метавон бе боҷи содиротӣ баровард.