Нишондод | Коркарди дар ҳудуди гумрукӣ | Коркард барои муомилоти озод |
---|---|---|
Озод будан аз пардохтҳои гумрукӣ | Пурра шартан озод аз боҷҳо ва андоз | Танҳо аз боҷи гумрукӣ |
Таъинот | Минбаъд содир кардан бидуни пардохт | Баровардани маҳсулот бо пардохти боҷ |
Шартҳо | Рухсатнома лозим аст | Рухсатнома лозим аст |
Мол | Моли хориҷӣ ё ватанӣ | Танҳо моли хориҷӣ |
Иштирокчӣ | Аризадиҳанда ва коркардкунанда | Танҳо аризадиҳанда |
Амалиёт | 4 амалиёт | 2 амалиёт |
Истеҳсол | Истеҳсоли моли нав | Истеҳсоли моли нав |
Шарти пардохт | — | Маблағ бояд камтар аз боҷи моли аввал бошад |
Мӯҳлати коркард | То 2 сол | То 1 сол |
Иҷозати рухсатнома | Метавон дод ба шахси дигар (интиқол) | Додан мумкин нест |
Масъалаҳои дигар | Партовҳо ва пасмондаҳо (боҷ ва андоз) | Партовҳо ва пасмондаҳо (боҷ ва андоз) |
Замони ҳозира: Loading...
Кодекси гумрукӣ: Низомҳои коркард
Моддаи 185. Анҷом ва боздошти низоми Коркарди дар ҳудуди гумрукӣ
1. Анҷоми ҳатмӣ: Дар мўҳлати на дертар аз рўзи анҷоми мўҳлати коркард (м.177), низом бояд бо содироти маҳсули коркард ё ҷойгир намудани моли воридшуда/маҳсули коркард таҳти низоми дигар анҷом ёбад.
2. Муқоисаи миқдорӣ (Партияҳо): Агар маҳсул бо якчанд партия бароварда шавад, муқоисаи ниҳоӣ бояд давра ба давра (ақаллан дар се моҳ як маротиба) ва дар давоми 30 рўзи баровардани партияи охирин гузаронида шавад.
2.1. Пардохти боҷу андоз: Агар дар натиҷаи муқоиса пардохти боҷу андоз лозим ояд, фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рўзи қабули қарори мақоми гумрук анҷом дода шавад.
3. Анҷом бо низоми дигар: Низом метавонад бо иҷозат додани моли овардашуда ва/ё маҳсули коркарди онҳо барои муомилоти озод ё ҷойгир намудани онҳо таҳти дигар низом анҷом ёбад.
4. Пардохти боҷ ҳангоми муомилоти озод: Боҷу андозҳо ба монанди пардохти моли воридшуда дар рўзи ҷойгир намудан таҳти ин низом ситонида мешаванд. Фоизҳо низ дар ҳаҷми Кодекси андоз ҳисоб ва пардохта мешаванд.
5. Боздошти амал (Ҳолатҳо): Низом метавонад бо талаби шахси манфиатдор ҳангоми ҷойгир намудани маҳсули коркард дар: 1) Анбори гумрукӣ (қ.3 м.217) ё 2) Таҳти низомҳои дигаре, ки муомилоти озодро пешбинӣ намекунанд, боздошта шавад.
6. Оқибати боздошт: Боздошт боиси боздоштани мўҳлати коркард мегардад (м.177). Дар ин давра ҳисоб ва пардохти фоиз ва боҷу андозҳо анҷом дода намешавад. Иҷрои амалиёт оид ба коркард иҷозат дода намешавад.
7. Хотима бо реэкспорт: Низом метавонад ҳангоми бе тағйир баровардани моли овардашуда низ хотима ёбад (реэкспорт).
Моддаи 195. Анҷоми низоми Коркард барои муомилоти озод
1. Анҷоми асосӣ: Низом баъди иҷозати маҳсули коркард барои муомилоти озод анҷом меёбад.
1.1. Ҳисоби боҷҳо: Боҷҳои гумрукӣ бо назардошти ставкаҳои барои маҳсули коркард муайяншуда ҳисоб карда мешаванд.
1.2. Муайянкунии арзиш: Арзиши гумрукӣ ва миқдори маҳсули коркард дар рўзи иҷозат додани онҳо барои муомилоти озод муайян карда мешавад.
2. Анҷоми истисноӣ: Дар мавридҳои истисноӣ, низом метавонад баъди таҳти низоми гумрукии дигар қарор додани маҳсули коркард низ анҷом ёбад (бо риояи шарту талаботи муқарраршуда).
Моддаи 183. Партовҳои коркарди мол
1. Нисбати партовҳое, ки дар натиҷаи коркарди мол дар қаламрави гумрукӣ ба вуҷуд меоянд, боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта мешаванд...
2. Бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз партовҳо чун моли воридшуда ҳисоб мешаванд...
3. Агар арзиши гумрукии партовҳо муайян карда нашавад, он бо яке аз усулҳои фурӯш, молҳои шабеҳ ё ҳамҷинс муайян карда мешавад.
Моддаи 184. Пасмондаҳои коркарди мол
1. Пасмондаҳоро метавон бе пардохти боҷҳои содиротӣ аз қаламрав баровард ё таҳти низоми дигар гузошт.
2. Барои пасмондаҳое, ки бароварда нашудаанд, маблағи боҷ ва андозҳо ситонида мешавад.
Маблағи боҷҳо мутаносиб бо ҳаҷми пасмондаҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 194. Партовҳо ва пасмондаҳо (Умумӣ)
Қоидаҳои моддаҳои 183 ва 184 нисбати партовҳо ва пасмондаҳои таҳти низоми коркарди мол барои муомилоти озод татбиқ мешаванд.