Презентатсияи матни пурраи моддаҳо
Барои гузаштан тугмаи "Ба пеш" ё тирчаи ростро пахш кунед.
1. Содироти муваққатӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он моли ватанӣ метавонад дар мўҳлати муайян берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо озодкунии пурраи шартӣ аз ситонидани боҷҳои гумрукии содиротӣ ва бе татбиқи мамнўият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифода бурда шавад.
2. Ҳангоми содироти муваққатии мол озодкунӣ аз андозҳои дохилӣ, баргардонидан ё ҷуброни он татбиқ намегардад.
1. Мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ дар ҳолатҳои зерин ҷойгир карда мешавад:
1) таъмини ҳаммонандсозии мол аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми воридоти бозпаси он;
2) пешниҳоди ўҳдадорӣ дар бораи воридоти бозпаси мол тибқи намунаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ;
3) таъмини пардохти боҷҳои гумрукии содиротӣ.
2. Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ барои моле, ки содироти он аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад.
1. Мўҳлати умумии содироти муваққатии мол на зиёда аз се сол мебошад. Мўҳлати содироти муваққатӣ аз ҷониби мақоми гумрук тибқи аризаи декларант, бо назардошти мақсад ва шартҳои чунин содирот ва муқаррароти қисми 2 ҳамин модда муайян карда мешавад. Бо дархости асосноки шахси мазкур мўҳлати арзшудаи содироти муваққатӣ бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда, вале на бештар аз як сол тамдид карда мешавад.
2. Барои намудҳои алоҳидаи мол, ки воридоти бозпаси он ҳангоми содироти муваққатӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳлати ниҳоии содироти муваққатиро муқаррар менамояд.
1. Ҳангоми содироти муваққатии мол озодкунии пурраи шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукии содиротӣ фароҳам оварда мешавад.
2. Ҳангоми баргашта наовардани моли муваққатан содиршуда маблағи боҷҳои гумрукии содиротӣ бо назардошти арзиши мол ва (ё) теъдоди он ҳангоми содирот, инчунин меъёрҳои боҷҳои гумрукии дар рўзи арзшавии мол таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ амалкунанда пардохта мешаванд. Фоизҳо аз ин маблағ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд, ба мисли он ки барои ин маблағҳо дар рўзи ҷойгиркунии моли ватанӣ таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ тамдиди мўҳлат фароҳам оварда шуда бошад.
1. Моли муваққатан содиргардида ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз рўзи ба охир расидани мўҳлати содироти муваққатӣ (моддаи 254) бояд баргардонида шавад ё мувофиқи ҳамин Кодекс таҳти низоми дигари гумрукӣ арз карда шавад.
2. Бо дархости шахсе, ки молро таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ қарор додааст, мақоми гумрук барои иваз намудани низоми гумрукии содироти муваққатӣ ба низоми гумрукии содирот, бо риояи шарт ва талаботи пешбининамудаи ҳамин Кодекс иҷозат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон моли муваққатан содиршуда бояд ҳатман ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда шавад.
3. Ҳангоми ба шахси хориҷӣ додани моли муваққатан содиршуда шахсе, ки молро таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ қарор додааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, вазифадор аст низоми гумрукии содироти муваққатиро ба низоми гумрукии содирот иваз намояд.
4. Тағйири низоми гумрукии содироти муваққатӣ ба низоми дигар, ки нисбати моли содиротӣ истифода мегардад, бидуни пешниҳоди воқеии мол ба мақоми гумрук иҷозат дода мешавад.
Масъулият вобаста ба пардохти боҷҳои гумрукӣ мувофиқи қисми 2 моддаи 350 ҳамин Кодекс ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки молро таҳти низоми гумрукии содироти муваққатӣ қарор додааст.
Ба охир расид. Ташаккур!